Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне сурат гирифт, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангуйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар асоси муроҷиати қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифташуда, 29 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд.
Номбурда афзуд, зимни қабули шаҳрвандони пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ ва огоҳ будан аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ҷалб намуд.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста