Дар вилояти Хатлон ба тамоми роҳбарони бозорҳои минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки дар робита ба сӯхтори ахир дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе ба масъалаи тақвияти нигаҳбонии бозорҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати «Тоҷикматлубот» иттилоъ дод, ахири ҳафтаи гузашта бо иштироки роҳбарони тамоми бозорҳои вилояти Хатлон машварати таъҷилӣ доир гардида, ба онҳо ҷиҳати ба тартиб овардани тамоми таҷҳизоти оташнишонӣ дар қаламрави бозорҳо дастур дода шудааст.

«Баъзан хадамоти оташнишонӣ моро барои риоя накардани қодиаҳои пешгирии сӯхтор, аз ҷумла мавҷуд набудани гидрантҳо ё сарчашмаи об дар бозорҳо танқид мекунанд, вале ба кифоя набудани фишори зарурӣ дар онҳо таваҷҷуҳ намедиҳанд, - гуфт манбаъ. – Дар баъзе бозорҳо бошад, низоми обу корез умуман вуҷуд надорад, вале ин мушкилоти хадамоти дахлдор аст».

Ёдрас мекунем, ки тайи солҳои ахир дар бозорҳои шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон сӯхторҳо ба вуқуъ пайваста буданд.