Тибқи як назарпурсӣ таҳти унвони «Муҳоҷирини корӣ дар остонаи вуруд ба ҷомеаи Русия», ки аз ҷониби пажуҳишгоҳи «Среда»-и Русия тобистони соли равон доир гардидаасту дар он тақрибан 400 нафар муҳоҷирон назарпурсӣ шудаанд, 54%-и пурсидашудагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор кардаанд, ки ба ватан баргаштанӣ нестанд.

Миёни шаҳрвандони пурсидашудаи Қирғизистону Ӯзбекистон, ки дар Русия фаъолият доранд, ин нишондиҳанда мутаносибан 42 ва 29%-ро ташкил додааст.

Миёни шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия омадаанд, 38%-ро шаҳрвандони Ӯзбекистон, 24%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ва 23%-ро шаҳрвандони Қирғизистон ташкил додаанд. То 90%-и онҳо мардони синнусоли аз 18 то 34-солаи дорои маълумоти махсуси касбӣ будаанд.

Аз чор се ҳиссаи пурсидашудагон оилаҳои худро дар ватан гузошта, маблағҳои бадастовардаашонро ба оилаҳояшон мефиристанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 7%-и пурсидашудагон дар як моҳ беш аз 30 ҳазор рублӣ русӣ маблағ кор мекардаанд.

Аз ҳама бештар (тақрибан ҳар чорумин нафари пурсидашуда) музди меҳнат дар ҳаҷми аз 15 то 20 ҳазор рубли русӣ номбар шуда, 15%-и онҳо аз 15 ҳазор рубл камтар музди меҳнат мегирифтаанд.