Ояндаи наздик бо дастгирии Туркия дар Тоҷикистон нахустин Маркази мустақили кӯдаконаи саратоншиносӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Туркия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи 10-уми октябр сафир Меҳмед Мӯнис Дирик дар ҳамроҳӣ бо намояндаи дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва рушд (TIKA) дар Душанбе ва котиби дуюми сафоратхона Алӣ Вурал  бо ҷараёни корҳои таҷдид ва аз нав таҷҳизонидани Маркази кӯдаконаи саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе аз наздик ошно гардиданд.

«Ин корҳо бо дастгирии TIKA сурат гирифта, маблағи умумии онҳо 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», - гуфтанд дар сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, айни замон корҳои таҷдид ба итмом расида, баъди анҷоми корҳои аз нав таҷҳизонидан, Маркази мустақили кӯдаконаи саратоншиносӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

«Дар доираи лоиҳаи мазкур доир намудани барномаҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои кормандони маркази мазкур пешбинӣ шудааст», - гуфт манбаъ.

Дар идома манбаъ изҳор дошт, ки феълан ҳамчунин бо дастгириву кӯмаки TIKA корҳои таҷдиду азнавсозии мактаб дар Данғара ва бинои иловагӣ барои он анҷом ёфта, ояндаи наздик анҷоми корҳои таҷдиду дубора муҷаҳҳаз сохтани Маркази таълими касбии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар назар аст.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Туркия, ин кишвар Тоҷикистонро дар ҳаҷми ҳудуди 90 млн. доллари ИМА бо дастгирии молиявиву кӯмаки бебозгашт таъмин намудааст, ки ба он қарзи «Эксимбонк», кӯмакҳои TIKA  ва дигар ширкатҳои туркӣ низ шомил мебошанд.