Чанде аз журналистони ватанӣ тасмим гирифтанд, ки ба нишони эътироз аз чорабинии давлатӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи матбуот даст кашида, рӯзи 11-уми март дар мурофиаи пешакии судӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова ширкат варзанд.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод гардид, ки дар ин рӯз на ба чорабинии давлатӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, балки маҳз ба мурофиаи судӣ рафтан зарур аст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршед Атовуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ҳам ин пешниҳоди фейсбукчиёро пазируфта, ин тасмими намояндагони чанде аз ВАО ва ҳатто яке аз созмонҳои байнулмилалӣ ба нишони эътироз сурат мегирад. «Онҳо ба инобат нагирифтаанд, ки соле мо як маротиба рӯзи 11-уми март иди касбиамонро ҷашн мегирем ва худи ҳамин рӯз боз мурофиаи судии яке аз рӯзномаҳоро барпо мекунанд», - зикр кард Атовуллоев ва афзуд, ки шояд мурофиа махсусан бо назардошти ин рӯз таъин нашудааст, «вале тасодуф афтиданаш аҷиб аст».

Журналист Ҷасур Абдуллоев бар ин назар аст, ки агар судя мурофиаро ба рӯзи дигар таъин мекард, шояд хубтар мебуд. «Ман ба ин гуфтаҳом ба кору қарори судя дахолат карданӣ нестам, зеро интихоби рӯзи мурофиа салоҳияти ӯст, вале ба ҳар ҳол, агар ҷаласаи аввали судӣ рӯзи 11-уми март доир гардад, ман ҳатман ба мурофиа меравам, на ба чорабинии давлатӣ», - иброз дошт вай.

Аммо сардабири хабаргузории «Озодагон» Хилватшо Хоҷаев мегӯяд, таъини рӯзи мурофиаи баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзнома ба Рӯзи матбуот бештар ба тасодуф шабоҳат дорад ва имрӯз дар ҷомеаи мо маҳз ба кадом рӯз таъин шудани мурофиа он қадр муҳим нест. «Муҳим он аст, ки то кадом андоза судяҳои мо кори худро медонанду то чӣ андоза мустақиланд ва оё дарвоқеъ ҳам суд дар Тоҷикистон яке аз шохаҳои ҳокимият аст», - илова намуд Хоҷаев.

Ёдрас мекунем, ки 1-уми март Суди иқтисодии шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи аввали пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро ба рӯзи 11-уми март таъин кард.