Дар Донишгоҳи муносибатҳои байнулмилалии Чин дар Пекин Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, дар назди омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов суханронӣ намуда, самтҳои асоси сиёсати хориҷии ҷумҳуриро шарҳ дод.

Сафир зикр кард, ки рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории барои тарафайн судманд бо Чинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар номбар кардааст.

Рашид Олимов изҳори итминон кард, ки таҷрибаи тӯли 20 соли ҳамкории дуҷониба андӯхта, сатҳи баланди мавҷудаи эътимоди тарафайн, вохӯриҳои ҳамасолаи мақомоти раҳбарии Тоҷикистону Чин, омили ҳамҷаворӣ, ҳаҷми сол то сол дар ҳоли афзоиш қарордоштаи муомилоти молӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни мардуми кишварҳо барои ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Чин заминаи хуб фароҳам овардаанд.

Дар барномаи консертии ба ин муносибат омодасохтаи донишҷӯёни Тоҷикистону Чин суруду мусиқӣ дар васфи ҷашни Наврӯзу дӯстӣ садо доданд ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки шеърҳоро донишҷӯёни чинӣ бо забони тоҷикӣ ва донишҷӯёни тоҷик бо забони чинӣ қироат намуданд.