Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндаи расмии  сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро аз тамоми манотиқи Русия, ки дар он ҷойҳо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман амал мекунанд, ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр кард, ки дар давраи сипаришуда Шӯро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ миёни кишвару мардуми онҳо, расонидани кӯмаки моддиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони ҳамватан, таблиғи фарҳанги ҳазорсолаи ғании тоҷикон корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.

«Фаъолияти назарраси як қатор марказу ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили «Фонди Тоҷикистон» таҳти сарварии Гавҳар Ҷӯраева, «Маркази фарҳанги тоҷикон» бо роҳбарии Хуршеда Ҳамроқулова, намояндаи масъули Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ Турсуной Алимардонова, маркази фарҳангиву варзишии «Согдина» таҳти сарварии Олег Сехниве ва дигарон мисоли барҷастаи ин гуфтаҳоанд», - иброз дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки аъзои Шӯро ба муносибати ҷашни идҳои анъанавии миллӣ ва давлатии Тоҷикистон мудом чорабиниҳои гуногун созмон дода, ба ҷашнҳо дар баробари муҳоҷирони кории тоҷик, намояндагони ҳукуматҳо ва аҳолии маҳаллиро даъват мекарданд, ки ин дар навбати худ, ба наздикшавии халқҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони  кории муваққтан дар қаламрави Русия қарордошта мусоидат намуд.

А.Достиев зикр кард, ки сафорат дастгирӣ ва омодагии аъзои шӯро дар ҳалли масоили мушкилоти пайдошуда ҳам дар робита ба шаҳрвандони ҶТ ва ҳам вобаста ба муносибатҳои миёни кишварҳоро ҳамеша эҳсос мекард. «Вазъи мухолифатомез дар қазияи боздошти халабонони рус дар Тоҷикистон ва ҳамчунин рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ ба ин мисол шуда метавонанд», - таъкид дошт сафир.

Номбурда ҳамчунин афзуд, дар ин давра бархе аз аъзои Шӯро расман дар рӯйхат номнавис шуда буданду, вале дар фаъолияти он ҳеҷ саҳме нагузоштанд.