Нимаи моҳи июли соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Мамарасул Камбаров ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки бародари 51-солааш, зодаи ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар муҳоҷирати корӣ дар вилояти Астрахани Русия қарор доштааст, бедарак шудааст.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ба ҷустуҷӯи Р.Камбаров намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони муқими ин минтақа ҷалб гардида, нахуст дар як деҳа шаҳрванди Русия хабар медиҳад, ки то чанде Раҳмат Камбаров дар назди ӯ ба сифати ёвар оид ба корҳои хоҷагӣ фаъолият дошта, сипас бар асари як муноқишае миёнашон, ӯ фирор намудааст.

«Рӯзи 25-уми июл Раҳмат Камбаров дар яке аз мавзеъҳои бӯстонсароҳои наздики шаҳри Астрахан дарёфт гардид. Айни замон ӯ дар манзили ҳамватанамон Назрӣ Хуморов қарор дорад, ки дар ҷустуҷӯи ӯ фаъолона иштирок кард», - гуфта мешавад дар иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷират.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба дарёфти Р.Камбаров ба бародараш М.Камбаров хабар дода шуда, ӯ тариқи қатора аллакай ба Астрахан раҳсипор гардидааст.