Айни замон шумори муштариёни алоқи мобилӣ дар Тоҷикистон ба 10 млн. нафар наздик мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии ҷумҳурӣ 8 млн. нафар аст.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Татяна Холмуродова ин вазъро чунин шарҳ дод, ки як муштарӣ дорои якчанд сим-корт аст. «Шумори муштариёни фаъол бошад, тақрибан 6,1 млн. нафарро ташкил медиҳад», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Холмуродова, дар саросари кишвар беш аз 360 ҳазор нафар муштариён аз алоқаи собит (телефони тавассути сим ё хонагӣ) истифода мекунанд, ки айни замон ба ҳар 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон 4,5 адад телефони алоқаи собит ва 62 адад телефони ҳамроҳ рост меояд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, феълан дар бозори алоқаи Тоҷикистон 6 оператори мобилӣ бештар фаъоланд. Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ дар бахши алоқа ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. 64 млн. сомонӣ хизматгузориҳо пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8% зиёдтар аст. Аз ҳаҷми умумии хизматгуориҳо 95%-ашро ҳиссаи операторони мобилӣ ташкил медиҳад.