Зимни амалиёти навбатии мақомоти пулиси Маскав як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар метрополитени пойтахти Русия боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ҳангоми боздид аз шуъбаи 4-уми пулиси метрополитен ошкор шудааст, ки аз 50 нафари боздоштшуда 12 тан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва аз лиҳози қонунӣ дар Русия будубош доштанашон мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт.

«Ба шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ дода шуд, ки дар сурати чора андешидан нисбати онҳо мухолифи қонунгузории муҳоҷирати Русия, онҳо метавонанд ба намояндагӣ муроҷиат кунанд», - зикр кард Аҳмадов.

Ёдрас мекунем, ки аз 9-уми август дар минтақаҳои Маскаву Ленинград қонуне мавриди амал қарор гирифт, ки дар он нисбати шаҳрвандони хориҷиии қонуншикан дар мавриди будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия чораҳои шадидтаре пешбинӣ шудаанд. Мутобиқи ин қонун, шаҳрвандони хориҷии ба ин амалҳо дастзадаро ҷарима ва ихроҷ аз қаламрави Русия интизор аст.