Журналисти хадамоти тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ояндаи наздик ба кор бармегардад. Ба гуфтаи журналист, муддати ду ҳафтаи ахир ӯ дар дармонгоҳҳои беҳтарини шаҳри Теҳрон табобат гирифтааст.

«Гуфтан кофист, ки рӯзҳои ахир ман мустақилона бидуни асобағал роҳ гашта метавонистам, аммо аз беэҳтиётии худам боз дар хона афтида, бо лангет мегардам», - иброз дошт ӯ.

Журналист ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои ташкили ин сафар миннатдории беҳад зиёд изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 9-уми октябр Искандари Фирӯз дар садамаи нақлиёт ҷароҳатҳои беҳад вазнини ҷисмонӣ бардошта, муддати як моҳ дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) беҳуш хобида буд.

Ҳодисаи садамаи нақлиёти мазкурро вазири корҳои дохилии тоҷикистон Рамазон Раҳимов зери назорати шахсӣ гирифта буд. Суди ноҳияи Синои пойтахт гунаҳкори садамаи нақлиётро ба 3,3 соли «колония сукунат» маҳкум кард. Ҳамчунин бо ҳукми суд ӯ мебоист ба И.Фирӯз дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт мекард, вале то ҳанӯз ин маблағро напардохтааст.