Анонс

- Соати 12:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахт Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ)-и САҲА дар робита ба ифтитоҳи расмии дафтари гурӯҳи нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон конфронси матбуотӣ барпо мекунад;

- Дар Душанбе анҷумани III-юми ҷумҳурияии дандонпизишкон баргузор мешавад;

- Дар тамрингоҳи низомии Чоруқдарон дар вилояти Суғд тамринҳои муштараки тактикии низомии ҷузъу томҳои Артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти унвони «Муҳофизат-2013» ба итмом мерасанд. Дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳузур хоҳанд дошт.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7684 сомонӣ;

1 евро - 6.2805 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 499 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1941 – Оғози амалиёти «Тайфун» - тарҳи фармондеҳии гитлерӣ оид ба ишғоли Маскав.

1938 – Мавлуди ҳунарманди театр Шарофат Ёрова

1961 – Зодрӯзи Устоди варзиши самбои ИҶШС Исмонқул Таваралиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +21+26.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.