Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр ба ватан бармегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Лола Кенҷаева хабар дод, дар доираи амалисозии қисмати дуюми барномаи давлатии «Ҳаҷ-2013» рӯзи шанбе ҳавопаймои Боинг 757-200 210 нафар зойирини тоҷикро соати 23:20-и вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасонад.

«Дар маҷмӯъ аз 19-уми октябр то 4-уми ноябр ширкати «Тоҷик Эйр» 2700 нафар шаҳрвандони тоҷикро, ки ба адои маросими ҳаҷи имсола рафта буданд, аз шаҳрҳои Ҷидда ва Мадинаи Арабистони Саъудӣ ба шаҳри Душанбе интиқол медиҳад», - иброз дошт котиби матбуотии ширкат.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карданд. Тибқи маълумоти ахир, ду нафар тоҷикистониён дар макони муқаддаси ислом аз олам даргузаштанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон то маросими адои ҳаҷ барои шиносоӣ бо шароити будубоши зойирини тоҷик муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатов ба Арабистони Саъудӣ рафта буд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.