Ахиран муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия оид ба содир шудани қарорҳои беасоси судҳо дар бораи ихроҷи маъмурии онҳо аз қаламрави Русия зиёд ба назар мерасад.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз моҳи август то моҳи октябри соли равон зинаҳои поёнии судии ноҳияҳо оид ба ихроҷи маъмурии 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ва ҷаримабандӣ шудани онҳо дар ҳаҷми 500 рубли русӣ ҳар кадоме қарорҳои беасос содир кард.

«Бо мусоидати намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, бар асоси аризаҳои муроҷиаткардагон ва шикояти адвокатии ҳуқуқшиноси Фонди ҷамъиятии «Муҳоҷират ва Қонун»-и Русия Рифат Юлдошев суди вилояти Маскав бо баррасии ҳамаҷонибаи ҳолатҳои зикршуда, қарори судҳои зинаи поёнӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистонро бекор намуд», - иброз дошт Иброҳим Аҳмадов.