Дар Тоҷикистон 12%-и тифлони навзод бидуни сабти ном зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.

Дар гузориши нави Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) бахшида ба 67-умин солгарди ин ташкилот, дар бораи 161 кишвари дунё дар робита ба ин масъала маълумот дода мешавад.

Бино ба маълумоти гузориш, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Украина ва Ӯзбекистон ба сафи кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо 100%-и тифлони навзод ба қайд гирифта шуда, дар Гурҷистон – 99%, Туркманистону Қирғизистон – 96% ва Тоҷикистон 88%-и кӯдакон расман сабти ном мешаванд.

Ҳамин тариқ, ҳамасола ҳар як се нафар тифли навзод ба қайд гирифта намешавад. Айни замон дар саросари ҷаҳон 230 млн. нафар кӯдакони то 5-сола сабти ном нагардида, 59%-и онҳо дар қораи Осиё ва 37%-ашон дар қитъаи Африқо ба дунё омадаанд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки кӯдакони сабтиномнашуда расман вуҷуд надоранд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо аз имконоти таҳсил, кумаки иҷтимоӣ ва хизматгузории тиббӣ маҳрум буда, маҳз чунин кӯдакон бештар ба дасти ҷинояткорон меафтанд.

Соли 2012 дар саросари дунё таваллуди ҳамагӣ 60%-и кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Ба рӯйхати давлатҳои нишондиҳандаи пасттарин дар ин масъала Сомали – 3%, Либерия – 4%, Эфиопия – 7%, Замбия – 14%, Чад – 16%, Танзания – 16%, Яман – 17%, Гвинея-Бисау – 24%, Покистон – 27% ва Конго – 28% шомиланд.

Хазинаи кӯдакони СММ аз тамоми давлатҳо даъват ба амал овардааст, ки ба тадбирҳои комилан ба қайд гирифта шудани тифлони навзод тақвият бахшанд.