Анонс

- Аз 7 то 22 феврал дар осоишгоҳи «Баҳористон» (Қайроққум) бо иштироки дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистону Қазоқистон мусобиқаи футбол доир мегардад;

- 8 феврал дар толори конфронси дафтари кории ҲНИТ (хиёбони Борбад, 1) дар мавзӯи «Шиканҷа дар Тоҷикистон» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;

- 8 феврал дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оид ба масоили шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила вохӯрӣ барпо мешавад, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти суд, прокуратура, КДАМ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ширкат меварзанд. Оғоз соати 09:00;

- 9 феврал дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ спектакли мусиқии «Морозко» намоиш дода мешавад. Нархи билет – 5 сомонӣ. Оғоз соати 16:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8012 сомонӣ;

1 евро - 6.4833 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1386 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

8 феврал

1942 — Дар Сталинобод навбати аввали корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода шуд.

2002 — Дар Душанбе нахустин пойгоҳи электронӣ-рақамии алоқаи телефонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

2010 — Дар Маскав собиқ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Вера Шестак аз олам даргузашт.

2013 — Дар Маскав Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба имзо расид.

2013 — Дар Истамбул расман Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

2001 – Даргузашти сароянда Муборакшо Мирзошоев. Сарояндаи маъруф бар асари бемории сили дуҷонибаи роҳҳои нафас ба ҳалокат расида, сабти албоми сурудҳои ретрои дӯстонро ба анҷом расонида натавонист.

1928 – Зодрӯзи шоир Акобир Шарифӣ.

1939 – Мавлуди олими бахши арабшиносӣ Матин Ҳусейнзода, писари филологи маъруф, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. Солҳои зиёд Матин Шарифович ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарварӣ мекард.

1947 – Зодрӯзи ҳунарманди балет, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хосият Боева.

1969 – Мавлуди қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов.

1975 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Рустам Бердиев.  

9 феврал

1990 — Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон пахн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.

2004 – Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.

2008 — Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.

1921 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.

1927 – Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.

1954 – Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.

1959 — Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.

1875 – Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.

Вазъи обуҳаво

Обуҳавои р ӯ зи 8-уми феврали соли 2014

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -7-12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -2-7;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -10-15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона 0-2.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -4-6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.    

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -3-5.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.    

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -3-5.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -2-4.

Обуҳавои р ӯ зҳои 9-10-уми феврали соли 2014

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -3-8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -1-6;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -9-14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -3-5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -1-3.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -2-4.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -1-3.