Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бар ин назар аст, ки дар ҷомеаҳои демократӣ муколамаҳои ошкору умумӣ бояд бидуни муҷозоти молӣ сурат бигиранд.

Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум  дуня Миятович дар робита ба қарори суди Тоҷикистон нисбат ба парвандаи «зиёиён алайҳи журналист Олга Тутубалина» изҳори таассуф намудааст.

Зимни суханронӣ дар конфронс оид ба масоили озодии ВАО дар Ню-Йорк ӯ дар ин робита изҳор кардааст, ки санаи 25-уми феврал дар бораи пардохти 4,5 ҳазор евро маблағ ба се нафар даъвогарон, ки зарари ҷисмониву маънавии расида ба онҳо аз маводи «Неинтеллигентно об интеллигенции» (Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён)-ро тасдиқ кардаанд, қарори суд содир шуд, ҳарчанд дар ин мавод ному насаби онҳо ҳатто зикр нагардида буд.

«Онҳое, ки ба ҷуброни зиён довталабанд, дақиқан номбар нашудаанд ва сарфи назар аз ин, дар ниҳояти кор он ба пешниҳоди даъво барои ҷуброни зарар боис гардид. Дар ҷомеаи демократӣ муколамҳои кушоду умумӣ бояд бидуни муҷозоти молӣ гузаронида шаванд», - зикр кардааст Миятович.