Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе шаршараи 22-метра ба кор медарояд. Шаршараи сунъӣ дар қаламрави боғи нави шаҳрии «Наврӯзгоҳ» ба истифода дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ин шаршара нусхаи дақиқи шаршараи маъруфи Сари Хосор аст, ки дар қаламрави ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки боғи нав дар пойтахт бо майдони 12 гектар дар остонаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад. Он дар атрофи собиқ ипподром бунёд гардида, дар мақомоти шаҳрдорӣ изҳор намуданд, дар боғ барои сокинону меҳмонони Душанбе «бисёр чизҳои ғайриоддиву ҷолиб» омода шудаанд.

Боғи нав аз ҳисоби воситаҳои буҷети шаҳри Душанбе қомат меафрозад. Рӯзи ифтитоҳи боғ ҳукуматдорони шаҳр дар бораи маблағи мушаххаси хароҷот барои сохтани он маълумот хоҳанд дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола аз 21 то 24-уми март дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад.