Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров ному насбашро ба Бег Сабур иваз кард.

Аз хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тағйири ному насаби сардори хадамот дар доираи талаботи қонун «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сурат гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки тайи ду моҳи ахир аксари мансабдорони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон ному насабҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд. Чанде қабл вазири тандурустии Тоҷикистон низ ному насабашро ба шакли номгузории тоҷикӣ иваз кард. Акнун Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз рӯи ҳуҷҷатҳо Нусратуллои Файзулло номида мешавад. Як зумра раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ ному насабашонро иваз карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2007 пас аз ивази ному насаби худ аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба ӯ пайравӣ кунанд. Он замон як гурӯҳи муайяни мансабдорони давлатӣ ин даъватро пазируфта, ному насаби худро тағйир доданд. 

Аввали моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар як мақолаи худ дар нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар ва аз коҳиши ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ миёни шаҳрвандон изҳори нигаронӣ намуд. Пас аз ин ҷараёни ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ бештар тақвият ёфт.

Акнун раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев - Самӣ Шариф, директори Агентии зиддифасод Фаатоҳ Саидов – Абдуфаттоҳи Ғойиб, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофова – Гавҳар Шарофзода ва вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов – Қосими Раҳбар номида мешаванд.