Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки давоми ҳафтаи равон Тоҷикистогнро обуҳавои нисбатан сард ва ноустувор интизор аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, обуҳавои сард дар ҷумҳурӣ то рӯзи 5-уми апрел идома меёбад. «Рӯзи 5-уми апрел дар ҷумҳурӣ боришот, баъзан боришоти шадид, раъду барқ ва жола дар назар аст», - зикр мегардад дар маълумоти обуҳавошиносон.

Гуфта мешавад, дар водиҳо ҳарорат то 8-10 дараҷа поин рафта, рӯзи 5-уми апрел дар ноҳияҳои доманакӯҳ селфароӣ аз эҳтимол дур нест. Дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Варзоб – Анзоб) хатари тармафароӣ ба вуҷуд меояд.