Анонс

- Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Фестивали IV-уми байнулмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир мегардад. Баҳри иштирок дар ин фестивал намояндагони театрҳои лӯхтаки 10 кишвари ҷаҳон – Эрон, Туркия, Фаронса, Русия, Испания, Белорус, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд;

- Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» ширкати Tcell хизматгузории нави худ – интернет 4 G-ро муаррифӣ мекунад;

- Лигаи занхои хуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки Ташкилоти байналхалқии ислоҳоти низоми маҳбас (PRI), Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конференсияи минтақавии «Роҳ ба сӯи бекорсозии пурраи ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи кишвархои Осиёи Марказӣ»-ро баргузор менамояд. Конференсия дар Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад. Оғози чорабини соати 08-30.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8308 сомонӣ;

1 евро - 6.6522 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.13 45 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1926 – Ифтитоҳи Анҷумани аввалини Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.

1928 – Дар Тоҷикистон ба ивази алифбои арабӣ хатти лотинӣ ҷорӣ карда шуд.

1938 – КИМ ва Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ ва ғайрирусӣ» қарор қабул карданд.

1985 – Таъсиси нашриёти «Шарқи Озод».

1996 – Таъсиси Шӯрои амнияти ҶТ, мақомоти машваративу тавсиявӣ, ки аз ҷониби президенти ҶТ ташкил мегардад.

2004 – Маликаи Ӯрдун Нур ба сифати сафири нияти неки БРСММ бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф овард. Ӯ дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба мушкилоти минаҳои зидди пиёдагард дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок кард.

1878 – Зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.

1899 – Мавлуди шоир Пайрав Сулаймонӣ.

1932 – Зодрӯзи нависанда Зайниддин Дӯстматов.

1937 – Мавлуди китобшинос-библиограф, мудири шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ, номзади илми филология Абдуллоҷон Юнусов.

1937 – Зодрӯзи наворбардор Анвар Мансуров.

1938 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Устоқадам Машрабов.

1942 – Зодрӯзи рассом Бек Наим.

1950 – Мавлуди актёри театру кино Шералӣ Абдулқайсов.

1952 – Зодрӯзи шоир ва табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ.

1952 – Мавлуди журналист Карим Мӯсо.

1955 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдулло Султонов.

1958 – Мавлуди дипломат Саидбек Саидов.

1959 – Зодрӯзи ҷомеашинос Абдураҳмон Қурбонов.

1967 – Мавлуди олим Ғиёсиддин Сайфиддинов.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.