Бинобар сабаби баргузори корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии воқеъ дар кӯчаи Пушкини пойтахт, пагоҳ, 23-юми апрел аз соати 08-00 то 24-00 интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз кӯчаҳои марказии Душанбе қатъ карда мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни таъмир ва пайваст намудани қубури Ø-635 мм, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, аз буриши кӯчаи Шотемури ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонҷ, аз ҷумла, кӯчаҳои Шотемур (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи М.Турсунзода), Пушкин, Бохтар, Теҳрон, биноҳои истиқоматии №53, №62 ва №64 хиёбони Рӯдакӣ қатъ мегардад.
«Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва КВД «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор намуд, ки бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд», - хабар медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста