Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сардирижёр ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Берон Меробов субҳи имрӯз дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.

Раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов дар ин робита изҳор намуд, ки ҷасади марҳум нимаи дуюми имӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.

Бо зикри робитаҳои зичи эҷодии Б.Меробов бо оҳангсозхони ҷумҳурӣ, Ҳикматов аз марги ӯ изҳори таассуф намуда, ба наздикони марҳум изҳори тасаллият кард.

Берон Меробов 22-юми октябри соли 1937  дар деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Дирижёр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (соли 1997) профессор (соли 2001).

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (соли 1959), Консерваторияи давлатии Маскав (соли 1964) ва Консерваторияи давлатии Лениград (соли 1976).

Мусиқинавози дастаи этнографӣ-хореографии «Помир» (солҳои 1957-1959), оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1968-1971), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1980-1990), аз соли 1990 – дирижёр ва аз соли 1995 – сардирижёри Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ. То имрӯз дирижёр ва раиси Шӯрои бадеӣ буд.

Ҳамчун дирижёр барои ҳамкорӣ ба театрҳои бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Тошканд, Бишкек, Владикавказ, Иркутск, Уляновск ва ғайра даъват шудааст.

Чанд сол қабл ОИ «Азия-Плюс» бо ин ҳунарманди маъруф, инсони наҷибу хоксор мусоҳиба анҷом дода буд.

Ҳайати кормандони ОИ «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунанд.