Дар видеохостинги YouTube сабти наворе бо номи «Ҷодугари панҷакентӣ» интишор шуд, ки дар он имомхатиби деҳаи Майкада ба амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ва қаллобӣ иқрор мешавад. Навор аз ҷониби студияи «Нури наҳзат» таҳия ва онро рӯзи 3-юми июн корбари шабака Шабнами Сурайё ба YouTube гузоштааст.

Дар сабти видеойӣ наворҳое мавҷуданд, ки дар он духтари ҷабрдида аз амалҳои мулло Асадулло Каримов дар бадани худ навиштаҷот бо забони арабиро нишон медиҳад ва ба гуфтаи мулло, ин навиштаҷот бо мақсади гарм кардани дӯстдоштаи духтар навишта шудаанд. Худи ҷабрдида ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна ӯ фиреб хӯрда, мавриди амалҳои зӯроварии шаҳвонӣ қарор гирифтааст.

Ба қавли муаллифи навор, муллои 53-срла муддати 9 моҳ аст, ки дар манзили иҷораааш дар Панҷакент ба фиребгариву тамаъҷӯӣ машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, дастгир шудани мулло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз маълум нест. Дар навор зикр мегардад, ки мулло Асадулло Каримов узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ҲНИТ расман изҳор дошт, ки Асадулло Каримови дар навор ба бадахлоқӣ айбдоршуда узви ҳизби мазкур нест. Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов зикр мекунад, ки ин сабт низ идомаи маъракаи бадномкунии ҲНИТ аст.

«Касоне, ки ин наворро тамошо мекунанд, ба сосонӣ дарк хоҳанд кард, ки ин як туҳмат ба унвони ҲНИТ чизе беш нест. Қобили зикр аст, ки ин ҳолати аввалин нест, ки боздоштшудагон ба гумони ҷиноятро ба ҲНИТ рабт медиҳанд, ҳарчанд баъдан маълум мешавад, ки ин афрод ба ҳизби мо ҳеҷ муносибате надоранд», - гуфт Файзраҳмонов.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асадулло Иброҳимов, миёни мардум маъруф бо лақаби «муллои ҷодугар»-ро ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин машғул шудан ба фаъолияти динӣ пас аз озодӣ аз маҳбас ба муддати 5 сол низ манъ шуд. Суд ӯро ба содир намудани амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ гунаҳкор эътироф карда, дар ҳаҷми 365 нишондоди ҳисоб (1 нишондод – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард.

Ахири моҳи ноябри соли гузашта бошад, суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суди ноҳияи Сино нисбати Асадулло Иброҳимовро бетағйир боқӣ гузошт.