Анонс

- Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир мегардад. Оғоз соати 10-00 дар бинои дафтари кории корхона;

- Зимни нишасти хабарии Бонки миллии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (ошёнаи 2-юм, МТС) аз фаъолияти Бонки марказӣ дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;

- Соати 09:00 ҳамчунин дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (ошёнаи 2-юм, МТС) Фонди сармоягузории Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мекунад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9527 сомонӣ;

1 евро - 6.6598 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.141 0 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1941 – Халабонони ҳавопаймоҳои қиркунандаи шӯравӣ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои зиддиҳавоӣ нахустин ҳуҷуми шадиди беш аз 250 ҳавопаймоҳои бомбафкани фашистӣ ба Маскавро муваффақона зада гардонида, 22 ҳавопаймои душманро нобуд карданд.

1989 — Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қонун «Дар бораи забон»-ро қабул кард.

2002 – Дар Душанбе миёни ҳукумати ИМА ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки техникӣ дар таҳияи қонунгузорӣ оид ба маблағгузории хурд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

2009 — Зимни суханронӣ дар маҷлис ба муносибати қабули қонун «Дар бораи забон» Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати ҷумҳуриро пешниҳод намуд.

1935 – Зодрӯзи рассом Рашид Абдурашидов.

1938-2010 – Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.

1939 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пӯлодов.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +30+35;  дар шарқи вилоят шабона +3+8, рӯзона +19+24.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.