Дар ноҳияи Ҷиликӯл корхонаи истеҳсоли асфалт ба истифода дода мешавад.

Зимни нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддинов дар ин робита изҳор намуд, ки Вазорати нақлиёт бо дастгирии ҳукумати Ҷопон барои муассисаҳои зертобеаш дар минтақа сохтмони корхонаи истеҳсоли асфалт дар қаламрави ноҳияро оғоз карда, корхона бояд дар моҳи оянда мавриди истифода қарор дода шавад.

«Корхонаи номбурда бо иқтидори истеҳсоли 35 тонна асфалт дар як соат буда, барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақа кор хоҳад кард», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақа шароити таъмири хушсифати роҳҳо фароҳам хоҳад омад. «Мо низ умед дорем, ки роҳҳои худро марҳила ба марҳила асфалтпӯш мекунем», - афзуд раиси ноҳия.