Соли равон 1702 нафар сокинони вилояти Суғд макони муқаддаси Ислом – Маккаву Мадинаро зиёрат мекунанд.

Зимни нишасти хабарӣ мутахассиси шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Саидҷон Амонов дар ин робита изҳор намуд, ки соли ҷорӣ Кумита оид ба корҳои дини кишвар барои вилояти Суғд 1630 квотаи ҳаҷ ҷудо намуда буд, аммо бо мусоидати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ба сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз 72 квотаи иловагӣ ҷудо гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати анҷом додани расмиёти гирифтани раводид айни замон тамоми ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагони имсола аз вилояти Суғд ба Кумита оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Соли равон арзиши адоми маросими ҳаҷ барои зойирини тоҷик 18 ҳазору 164 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта арзиши он 17 ҳазору 625 сомониро ташкил дода буд. «Болоравии арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли ҷорӣ ба афзоиши нархи будубош дар меҳмонхонаҳо ва дигар хизматгузориҳое, ки дар Арабистони Саудӣ ба зойирин пешниҳод мегарданд, вобаста аст», - зикр кард Амонов.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар маҷмӯъ 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Арбабистони Саудӣ раҳсипор мешаванд. Соли гузашта низ шумори зойирини тоҷик 6 ҳазор нафарро ташкил дода буд.