Намояндагони Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти хабарии имрӯза  изҳор намуданд, ки қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассники ба мушкилоти техникӣ вобаста аст.

Сардори раёсати иттилоот ва баҳисобгирии ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон мутахассисон сабаби ба вуҷуд омадани ин мушкилот мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ба қавли Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба онҳо аз Mail.Ru Group , ки молики шабакаи иҷтимоии Одноклаасники мебошад, номаи расмӣ расида, Бег Зуҳуров шахсан тариқ телефон бо онҳо гуфтушунид мекунад.

Алибек Бекназаров маълумоти ВАО бо такя ба сарчашмаҳои гуногун дар бораи аз ҷониби Хадамоти алоқа ирсол гардидани дастури шифоҳӣ ё хаттӣ оид ба қатъ кардани дастрасӣ ба ин шабаакаҳоро рад кард. «Кӣ ба Шумо гуфт, ки Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ супориш дод? Чаро аз шахсоне, ки ин суханонро гуфтаанд, нишон додани номаро талаб накардед? Худашон мушкилот доранд, вале айбро ба гардани мо бор мекунанд», - гуфт Бекназаров, ки шояд ширкатҳои фароҳамсози интернетро дар назар дошт.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми июл тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассникиро дар Тоҷикистон қатъ намуданд , аммо то ҳанӯз на ин ширкатҳову на Хадамоти алоқа масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд.

Қаблан раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Асоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки сабаби қатъи дастрасӣ шояд видеороликҳое бошанд, ки як зан додарарӯси сарвари давлатро ба таҷовуз ба номуси духтараш гунаҳкор мекунад. Ҳамчунин ба андешаи ӯ, дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» идеологияи гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-и ҷанганда дар Сурия фаъолона тарғиб мешавад, ки шояд ин ҳам сабаби баста шудани ин шабакаҳо бошад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҶТ, айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба 8 млн. нафар баробар аст,  3,8 млн. нафарро ташкил медиҳад.