Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ду муассисаи иҷтимоии тиббии вилоят кумак кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба Маркази бемориҳои равонӣ ва интернат барои нобиноён ва биноиашон заъифи шаҳри Исфара ва ҳамчунин интернат барои кӯдакони гирифтори бемории сили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сарулибос ва маҳсулоти ғизойӣ кумак расонида шуд. Қаблан ба муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд низ чунин кумак сурат гирифта буд.

Ёқубӣ ҳамчунин зикр кард, ки рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ба сурати умум ба 6 ҳазор нафар аҳолии ниёзманди вилоят кумак кард.