Давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 47 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак бо вазни умуии зиёда аз 5,4 ҳазор тонна аз 34 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 69,2%, Нидерланд – 8,3 %, Русия – 5,5%, Чин – 4,2%, Ҷумҳурии Корея ва Дания – 2,2%-ӣ, Латвия – 1,3%, Олмон – 1,2%, Эстония – о,9%, австрия ва Швейтсария – 0,7%-ӣ, Ҳиндустон ва Фаронса – 0,5%-ӣ, Эрон, Малайзия ва Испания – 0,3%-ӣ, Булғористон, Туркия, АМА ва Белгия – 0,2%-ӣ, Қазоқистон – 0,1% рост меояд.