Чанде қабл таҳти раёсати муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар бинои корхонаи Шабакаҳои барқи Душанбе ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилот, ширкатҳои нақлиётӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқӣ, таҳвилдиҳандагони газу ангишт ва сӯзишворӣ иштирок карданд.

«Зимни ҷаласа муовини аввали раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои бечуну чарои нақшаи қаблан қабулшудаи мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳи зимистон ҷалб намуд», - иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, Насрулло Хайруллоев таъмири саривақтии қубурҳои интиқоли оби гарм, шабакаҳои барқӣ ва таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангишту газро таъкид доштааст. «Ҷаласаҳои ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон айни замон ҳафтае як маротиба ва бо фаро расидани мавсими сармо ҳамарӯза гузаронида мешаванд», - афзуд номбурда.