Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндагони доираҳои тиҷоратии пойтахт мулоқот орост.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, раиси пойтахт ба соҳибкорон барои саҳмашон дар рушди шаҳр, дастгирии бахши иҷтимоӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ онҳо дар рушди иқтисоди пойтахт ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

«Раиси пойтахт таъкид дошт, ки қисми даромади буҷети шаҳр сол то сол меафзояд ва дар соли гузашта буҷети шаҳр 1 млрд. 485,2 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2000-ум ба андозаи 39,3 баробар зиёдтар аст. М.Убайдуллоев қайд кард, ки соли гузашта аз ҳисоби соҳибкорон ба буҷети шаҳр 650,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 33,5% аз ҳаҷми умумии буҷети пойтахтро ташкил медиҳад», - гуфт Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт ба пешниҳодоти соҳибкорони шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии ҳарчи бештари қишрҳои камбизоати аҳолӣ даъват намуд.