Соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз қариб 57,8 млн. $ кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 11,7 ҳазор тонна аз 42 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 56,5%, Нидерланд – 9,4 %, Русия – 7,8%, Чин – 5,8%, Дания – 4,7%,Ҷумҳурии Корея – 2,8%, Латвия – 1,8%, Олмон – 1,6%, Қазоқистон – 1,5%, , Австрия – 1,3%, Эстония - ,9%, Словения ва Ҳиндустон – 0,8%-ӣ, Фаронса – 0,5%, Эрон – 0,4%, Малайзия ва Испания – 0,3%-ӣ, АМА, Булғористон, Туркия, Урдун ва ва Белгия – 0,2%-ӣ рост меояд.