Рӯзи 26 январи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев барномаҳои амали шаҳрдориро барои соли ҷорӣ мушаххас карда, муқаррар сохт, ки дар муҳлати як ҳафта нақшаи фаъолияти тамоми субъектҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар иртибот ба татбиқ намудани онҳо тарҳрезӣ ва барои тасдиқ ба раиси шаҳр пешниҳод карда шавад.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр ҳолати зимистонгузаронӣ ва аз рӯи имкониятҳои сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсим бо гармӣ таъмин намудани иншооти нақшавиро мавриди баррасӣ қарор дода, масъулини шаҳрдориро вазифадор сохт, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои истеҳсолкунанда ва назорати давлатӣ воқеияти истеҳсол ва таъминоти иншоотҳо бо гармиро дақиқ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамзамон баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва мақсаднок истифодабарии моликияти коммуналии ба иҷорасупоридашаванда муқаррар карда шуд, ки муҳлати шартномаҳои иҷора дар асоси тафоҳуми тарафҳо бо назардошти  сатҳи солонаи таваррум, шурӯъ аз соли ҷорӣ аз 5 то 10 сол пешбинӣ карда шавад.