Ба 182 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Россия иҷозаи дубора ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар дода шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, айни замон, аз ҷониби гурӯҳи экспертӣ ба 140 нафар донишҷӯёни кишвар, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамуданд ва 42 нафар шаҳрвандоне, ки оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона доштанд, иҷозаи дубора гирифтанд ва айниҳол бо кумаки кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони мазкур дар Федератсияи Россия қарор доранд.

Хотиррасон мешавад, ки шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар бо сабабҳои номаълум аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия   манъ карда шудааст, бо ҳуҷҷатҳои асоснок оид ба наздикони оила, донишҷӯён, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (Вид на жительство и РВП), беморон ва амволи хона (имущество метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.