Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон барои довталабони мактабҳои олӣ боз як имкони супурдани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавиро фароҳам овард.

Бино ба маълумоти Маркази миллии тестӣ, барои шахсоне, ки бо сабаби узрноки бо ҳуҷҷат тасдиқшуда дар давраи бақайдгирии асосӣ (аз 2‑юми март то 30‑юми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё табобат берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доранд, бақайдгирии иловагӣ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, бақайдгирии иловагӣ аз 20‑ум то 30‑юми июни соли 2015 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) доир карда мешавад.

Хотиррасон мешавад, ки довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ аз қайд нагузаштаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.

Маълумоти муфассал дар ин бора бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.