Рӯзи 12-уми августи соли 2015  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ  бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли, директори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Ши ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои ҶТ, зимни мулоқоти ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии ду кишвари ба  ҳам дӯсту бародар ва ҳамсарҳад сухан рафта  таъкид гардид, ки дар оянда низ робитаҳои илмӣ ва муносибатҳои илмӣ-ташкилӣ байни ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон аз дастовард ва таҷрибаҳои илмӣ-амалии олимони тоҷик дар соҳаи таҳқиқотҳои бунёдӣ  сухан ронда, меҳмононро роҷеъ ба дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба  робитаҳои хуби  илмӣ  бо муассисаҳои илмии Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии мардумии Чин бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда иброз дошт, ки дар оянда низ ин гуна ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид.

Дар мулоқот рафти корҳо оид ба ташкил намудани Маркази байналмилалии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ки бо дастгирии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сипас, ҳайати намояндагони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин аз  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи кӯҳии ботаникии мавзеи «Кондара» воқеъ дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварданд.