Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба дар миқёси кишвар лоиҳаи ҷадиди меъморию сохтмонӣ бо ҷалби ширкати сохтмонии хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, амалишавии лоиҳаи мазкур бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон рӯи кор омада, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази шаҳр сохта мешавад. Дар нақша ҳаст, ки  дар ин мавзеъ сохтмони маҷмаи биноҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ бунёд гардад.

Дар робита ба ин рӯзи 13 август шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ширкати давлатии сохтмонии «Пекин» - Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳи меъморону сохтмончиёнро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қабул пазируфт.

Зимни мулоқоти судманд ҳайати кории меҳмонон  оиди нақшаи мукаммал ва лоиҳаи сохтмонро  ба раиси шаҳр муаррифӣ намуданд. Дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ сохтмони 15 бинои баландошёна барои 1200 хонавода, бунёди мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Чунон ки дар мулоқот зикр гардид, оғози корҳои сохтмон  дар асоси созишнома ва нақшаи муштараки мақомоти маҳаллӣ соли ҷорӣ пешбинӣ шуда, сокинони маҳали дар он ҷо иқомат дошта ба тариқи шартномаи тарафайн бо ширкати сохтмонӣ бо манзил таъмин карда мешаванд.