Анонс

- Нимаи дуюми рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза ба Туркманистон раҳсипор мешавад;

- Дабири кулли СААД Николай Бордюжа сафари худ ба Тоҷикистонро идома медиҳад;

- Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт дар доираи Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон намоиши мӯд идома меёбад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2954 сомонӣ;

1 евро – 6.9624 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 30 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.

1960 – Бори нахуст мавҷудоти зиндаи ба кайҳон бароварда – сагҳо Белка ва Стрелка ба Замин баргаштанд.

2003 – Дар тендери сохтмони нақби Анзоб ширкати эронии «Собир» ғолиб дониста шуд.

2010 — Дар Душанбе нахустин қитъа (шуъба)-и милиса барои ҷабрдидагон аз шиканҷа боз шуд.

2013 — Ширкати расонаҳои Tajinfo шабакаи радиои писандидаи «Муҳоҷир» дар Маскавро харидорӣ намуд, ки тариқи реҷаи он-лайн дар шабакаи Интернет пахш мешавад.

1515-1580 – Зодрӯзи шоири форсу тоҷик, таърихшинос ва тарҷумон Абдибек Шерозӣ.

1909-1984 – Мавлуди коргардони кино Рафаил Перелштейн.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Саидалӣ Гулов.

1961-2001 – Мавлуди овозхон Муборакшо Мирзошоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +30+35; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.