Анонс

- Дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и Душанбе маросими ифтитоҳи Фестивали 5-уми байнулмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» доир мегардад. Оғоз соати 08-30;

- Дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 оид ба футбол дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар пойтахти Қатар - Доҳа вохӯрии якуми худро бо дастаи Ироқ барпо мекунад;

- Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ балети «Мақоми ишқ»-и Ф.Баҳорро намоиш медиҳад. Оғоз соати 18-00;

- Дар вохӯрии ҷавобии даври чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми КФО-2015 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо тими «Паҳанг»-и Малайзия бозӣ мекунад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.3845 сомонӣ;

1 евро – 7.2234 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 20 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал

2006 — Маросими оғози сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб - Шимол» доир гардид.

2010 — Бо қарори ҳукумати ҶТ дар бораи ислоҳоти сохторӣ-маъмурии Академияи илмҳои Тоҷикистон, пажуҳишгоҳҳо ва сохторҳои зертоеъи Академия муттаҳид карда мешаванд.

2012 — Дар шаҳри Душанбе дар синни 86-солагӣ олими саршиноси тоҷик, яке аз муаллифони қонуни аввалин «Дар бораи забони давлатӣ», академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз олам даргузашт.

1927-1997 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Искандаров.

1937 – Мавлуди олими зилзилашинос, академик Собит Неъматуллоев.

1945 – Зодрӯзи журналист Боймамад Алибахшев.

1953 – Мавлуди рӯзноманигор Козим Давронов.

1958 – Зодрӯзи нависанда Низом Қосим.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.