Анонс

- Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба масоили ҳамкории молиявӣ ва техникӣ миёни Тоҷикистону Олмон идома меёбанд;

- Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи III байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии AgroFood Tajikistan-2015 ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 09-00;

-Дар доираи Ҳафтаи Аврупо дар Душанбе ярмаркаи маърифатӣ баргузор мешавад, ки аз ҷониби сафорати Фаронса, агентиҳои «Эразмус Плюс» ва DAAD созмон дода мешавад. Дар хотимаи ярмарка донишҷӯён дар машғулиятҳо метавонанд дар навиштани мактуби мақсаднок ва CV иштирок кунанд;

- Дар кинотеатри «Тамошо» дар «Кохи Наврӯз» фестивали филмҳо доир мегардад, ки дар он филмҳои аз ҷониби сафоратхонаҳои Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир пешниҳодшуда намоиш дода мешаванд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.5354 сомонӣ;

1 евро – 7.4314 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1108 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии стандартизатсия

1924 – Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон).

1948 – Таъсиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон.

2003 – Ифтитоҳи Бозиҳои V-уми Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки дар он беш аз 700 нафар варзишгарони минтақа ширкат варзиданд.

2004 — Дар Душанбе маросими расмии Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор шуд.

2009 — Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ»-ро маъқул шуморид, ки мутобиқи он минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ аз харидани манзили зист дар қаламрави ҶТ маҳрум шуданд.

2011 — Президент ба дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Анвар Юнусов автомашина тақдим намуд.

1912-1971 – Зодрӯзи дирижёр ва оҳангсоз Аъзам Камолов.

1929 – Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Лола Исмоилова, дорандаи дипломи №1-и ДДТ.

1933 – Зодрӯзи журналист Занҷирбек Ёрбеков.

1940-2003 – Мавлуди рӯзноманигор Малаш Раҳмонқулов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +25+27.