Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пирони рӯзгордида даъват ба амал овард, ки ҷавононро аз гароиш ба ташкилотҳои ифротгарову террористӣ нигоҳ доранд.

Зимни суханронӣ назди сокинони ноҳияҳои Истаравшану Ғончии вилояти Суғд президенти мамлакат дар ин робита қайд кард, ки «вазъи ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба ҳар кадоми шумо маълум аст ва аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо бояд зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтиром кардану ҳифз намудани манфиатҳои миллату давлатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накунем».

Бо муроҷиат ба падару модарон, роҳбарону фаъолон, зиёиён, шахсони обрӯманду калонсолони рӯзгордида ӯ дастур дод, ки бояд ҷавонон аз хатари гароиш ба мазҳабу фарҳанги бегона ва ҳар гуна равияву ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни олами ислом даст ба харобкорӣ ва қатлу куштори даҳшатноку ваҳшатбор мезананд, нигоҳ дошта шаванд.

«Вазифаи ҳамаи мост, ки мардум ва хусусан наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пурҳаводиси ҷаҳон хабардор кунем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем ва як масъалаи ниҳоят муҳимро ҳамеша талқин созем, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус мебошад», - таъкид дошт сарвари давлат.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон дар сафи гурӯҳҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар ҳудуди 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд. Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон қаблан иттилоъ дода буд, ки беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ дар Сурияву Ироқ ҳалок шудаанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз пайвастанаш ба саҳои Давлати исломӣ хабар дод.