Дӯстони даврони кӯдакӣ Фарҳод Чақалов ва Тоҳир Исмоилов, сокинони деҳаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи бурди ширкати «Лото Спорт»-ро соҳиб шуданд. Айни замон онҳо сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар доираи барномаи телевизионии Лото-Спорт дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» ровии барнома Субҳон Ҷалилов ва менеҷери ширкат Манижа Аҳмедова ҷоизаро ба ғолибон тақдим карданд.

Қобили зикр аст, ки аллакай муддати 11 сол аст, ки ширкати «Лото Спорт» дар Тоҷикистон бозии лотереяро роҳандозӣ намуда, то имрӯз ба ғолибони бозиҳои худ беш аз 145 млн. сомонӣ бурдҳояшонро тақдим кардааст.

Лото Спорт - фурсати бурд ғанимат!