Толибилмони тоҷик аз Олимпиадаи байнулмилалии Жаутик (Қазоқистон) оид ба фанҳои дақиқ миёни беҳтарин литсей ва гимназияҳои равияи физика ва математикаи ҷаҳон бо дастовардҳои назаррас баргаштанд.

Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 13-19 январ дар шаҳри Алмаато доир гардида, дар он 58 даста ва 400 нафар иштирокчиён аз 18 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин олимпиада аз нигоҳи сатҳи душвории вазифаҳо ба олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ оид ба фанҳои математика, физика ва барномарезӣ баробар аст.

Аз литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли равон Тоҷикистонро дар ин олимпиада 37 нафар толибилмон аз якчанд литсейҳои президентӣ, Литсей барои кӯдакони лаёқатманд (собиқ литсейи туркӣ) ва литсейи Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, толибилмони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 6 медали биринҷӣ, ба даст овардаанд, ки 4-тои онро толибилмони литсейи «Ҳотам ва ПВ» соҳиб шудаанд. Ҳамчунин миёни дастаҳои Тоҷикистон аз рӯи баллҳои гирифта ва рейтинг литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба натиҷаи беҳтарин ноил гардидааст.

Дар зер натиҷаҳои беҳтарин литсей ва гимназияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар олимпиада ширкат варзидаанд, оварда мешаванд:

Литсейи беҳтарини Қазоқистон - 293, 56 балл;

Литсейи беҳтарини Тоҷикистон («Ҳотам ва ПВ») - 223, 92 балл;

Литсейи беҳтарини Туркманистон - 200,57 балл;

Литсейи беҳтарини Ӯзбекистон - 92,86 балл;

Литсейи беҳтарини Қирғизистон - 87,01 балл.

Дар дастаи Тоҷикистон толибилмони зерин ба гирифтани медалҳо ноил гардиданд: аз фанни математика –  Алишери Анвар, хонандаи «Ҳотам ва ПВ», аз фанни информатика - Нодир Даминов ва Фаррух Каримов, толибилмони «Ҳотам и ПВ», аз фанни физика - Темурҷонов Азимҷон, толибилми «Ҳотам ва ПВ», Мурод Мирҷалилов ва Зикруллоҳ Хӯҷақулов - хонандагони Литсей барои кӯдакони лаёқатманд.

«Қобили зикр аст, ки алҳол дар ягон фан аз Тоҷикистон дар ҳайати ҳакамон касе нест ва ҳамчунин дар аксари кишварҳои иштирокчии олимпиада низоми таҳсили 12 ва 13-сола вуҷуд дорад, яъне аз нигоҳи давомнокии таҳсил ва синнусоли иштирокчиён Тоҷикистон пешакӣ дар мавқеи номусоид қарор мегирад», - гуфтанд дар литсейи «Ҳотам ва ПВ».