Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуд, ки дар он масоили марбут ба амалисозии нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон аз 20 январ баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев дастур додааст, ки соли ҷорӣ ба кори 45 гурӯҳи таблиғотӣ, ки моҳи августи соли гузашта ташкил шуда буданду ба ҳайати онҳо афроди соҳибэҳтироми шаҳр - собиқадорон, олимон ва арбобони давлатӣ шомиланд, идома бахшида шавад.

Ин гурӯҳҳо ба шарҳи роҳу воситаҳои ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ба сокинон, беҳбуди сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон идома дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии падидаҳои ифротгароии динӣ ва терроризм дар ҷомеа бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд мегузаронанд.

Бо назардошти ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсоли гармӣ ва оби гарм дар шаҳр, раиси пойтахт ба корхонаҳои дахлдор дастур додааст, ки ҳамаи хонаҳои баландошёнаро ба мавсими гармидиҳии солҳои 2016-2017 омода кунанд.

Дар ин робита ба муовини раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов супориш дода шудааст, ки то 1 апрел нақшаи омодагии шаҳр ба мавсими зимистони ояндаро таҳия созад.