Равил Гайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёни Русия бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид намуда, аз нақши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу рушди исломи анъанавӣ ва мазҳаби ҳанафӣ ситоиш кардааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Шӯрои муфтиёти Русия, равил Гайнутдин дар ин робита гуфтааст, «ба туфайли чунин талошҳои сарвари давлати тоҷикон пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ муясссар гардида, аз ҷудоиандозӣ миёни мусалмонони Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд».

Гуфта мешавад, зимни гуфтушуниди муфтии Русия бо сафири Тоҷикистон масъалахои марбут ба тарҷумаи китобҳои мазҳаби ҳанафӣ барои мусалмонони минтақаи Осиёи Марказӣ, фиристодани имомхатибони донишманду соҳибтаҷриба аз Тоҷикистон ба Русия баҳри тарбияти имонию ахлоқии муҳоҷирони кории тоҷик, таъсиси намояндагии доимии Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шудаанд.

Дар навбати худ сафири Тоҷикистон ба муфтии Русия оид ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия ва маърифатнокии шаҳрвандони кишвар, муқовимат ба паҳншавии терроризм ва ифротгароӣ, ниграонии мақомоти ҷумҳурӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба сафи «Давлати исломӣ», айни замон дар Тоҷикистон фаъолият доштани ҳудуди 4 ҳазор масҷид ва ҷараёни сохтмони масҷиди ҷомеъ дар Душанбе, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарин маҳсуб меёбад, муфассал маълумот дода, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар кардаанд.