Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” озмун эълон кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва омӯзиши азхудкунии ҳаёту фаъолият, корнамоиву қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад.
«Озмунҳои ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин байни донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва иншои беҳтарин дар байни муҳассилини мактабҳои миёнаи умумӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” гузаронида мешаванд», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, ғолибонро тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумита интизор аст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки мӯҳлати қабули мақола ва иншои беҳтарин то санаи 20 апрели соли ҷорӣ муқаррар карда шудааст.
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста