Анонс

- Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо иштироки сарбозону афсарони артиши миллии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар ҷамъомади ботантана ва консерти устодони санъат баргузор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8697 сомонӣ;

1 евро – 8.6795 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1015 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон

1925 – Дар Душанбе нахустин беморхонаи ҷумҳуриявӣ кушода шуд.

1942 – Яке аз корхонаҳои бузургтарини соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон – Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе (феълан ҶС «Тоҷиктекстил») ба истифода дода шуд.

1965 – Навбати аввали корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

1993 — Дар шаҳри Душанбе нахустин гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

2010 – Маҷмаи кулли СММ дар бораи ба ҷашни Наврӯз додани мақоми Иди байнулмилалӣ қарор қабул кард.

1928 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Исроил Холматов.

1931 – Мавлуди ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Шароф Маҳмудов.

1932 – Зодрӯзи доктор улуми таърих, Арбоби шоистаи илми ҶТ профессор Ҳомид Аҳмадов.

1937 – Мавлуди нависанда Яъқуби Ҳикматулло.

1938 – Зодрӯзи олими забоншинос Амон Нуров.

1947 – Мавлуди нависанда, доктори улуми филология, профессор Назарбек Абдулов.

1949 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Абдумуслим Темуров.

1963 – Мавлуди сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Лола Азизова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ баъзан каме боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +12+17.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ баъзан каме боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона+13+15.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +5+7.