Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 13 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, рӯзҳои 5,6,12,13,19,20,26 ва 27 моҳи марти соли равон ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», шаҳрвандони кишвар санаи 8 март Иди модарон ва даҳаи сеюми моҳ муддати 4 рӯз - 21,22,23 ва 24 бо рӯзҳои истироҳат иди Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид, моҳи марти имсол тоҷикистониён дар маҷмӯъ 13 рӯз истироҳат мекунанд.