Анонс

- Дар доираи аксияи хайрияи «Рангҳои тобистон» (Краски Лета) ба муносибати Рӯзи аксҳо рӯзҳои 17-19 август аз соати 11:00 то 19:00 дар дафтари асосии кории ширкати «Tcell Plaza» намоишгоҳи суратҳои аксбардорони маъруф, бозиҳои шавқовар, намоиши филмҳои тасвирӣ, расмкашӣ, аква-грим ва дигар чорабиниҳои ҷолибу шавқовар гузаронида мешаванд. Ҳамаи воситаҳои ҷамъшуда барои кумак ба кӯдакони ятими интернати шаҳри Ҳисор равона мегарданд. Воридшавӣ озодона аст. Биёед ҳамроҳ кӯдаконро дастгирӣ мекунем!

- Дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ аз соати 15-00 то 18-00 то 18 август ва дар майдони «Дӯстӣ» аз соати 19-00 то 7 сентябр   ҳаракати нақлиёт қатъ карда мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8682 сомонӣ;

1 евро – 8.8738 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1204 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи кормандони тиб.

1934 – Ифтитоҳи Спартакиадаи аввалини сартосарии Тоҷикистон.

1965 – Дар болооби дарёи Зарафшон экспедитсияи бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2004 – Пулиси андози ҶТ фаъолияти матбааи «Ҷиёнхон»-ро, ки дар он се ҳафтавори кишвар – «Нерӯи сухан», «Рӯзи нав» ва рӯзномаи ҳизбии «Наҷот» (ҲНИТ) ба нашр мерасиданд, аз фаъолият боздошт.

980-1057 – Зодрӯзи табиби форсу тоҷик, файласуф ва табиаташинос Абӯалӣ ибни Сино.

1949 – Мавлуди нависанда Назри Яздон.

1957 – Зодрӯзи Раънохон Абдураҳмонова, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон. Соли 2008 аз вазифа озод карда шуд.

1957 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Алиҷон Ғоибов.

1958 – Зодрӯзи математик Лафиз Бобоев.

1960 –Мавлуди журналист Шарофатхон Исломбердиева.

1965 – Зодрӯзи журналист Сайфиддин Суннатӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.